Ҳамаи саёҳатҳо акнун дар як барнома
Якҷоя бо Fly.tj имконияти навро ҷорӣ кардем — хариди зуд ва бароҳати чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар Alif Mobi.
Акнун метавонед ба осонӣ парвозҳои лозимаро ёбед, нархҳоро муқоиса кунед, чиптаҳоро брон намоед ва дар якчанд дақиқа пардохт кунед. Ҳамаи раванди харид вақти шуморо сарфа мекунад. Маълумоту пардохтҳоятон бошанд, бо технологияи пешрафта ҳифз мешавад.
Хариди чипта бо Alif Mobi осонтар аст
Раванди зуд ва осон. Хариди чипта ҳамагӣ якчанд дақиқа вақт мегирад. Танҳо парвозро интихоб кунед, маълумотро ворид намоед ва пардохтро тасдиқ кунед.
Насия дастрас аст. Агар барои супоридани маблағи пурра имконият набошад, метавонед чиптаро то 24 моҳ ба насия гиред.
Харид аз дилхоҳ ҷой ва вақт. Новобаста аз он, ки дар куҷо бошед, метавонед чиптаро танҳо бо телефон ва Alif Mobi брон кунед.
Маълумотро дубора ворид кардан лозим нест. Маълумоти шиносномаро танҳо як маротиба ворид кунед — барнома барои сафарҳои оянда шуморо дар хотир нигоҳ медорад.
Чӣ тавр чиптаро харидан мумкин
— Дар экрани асосии Alif Mobi бахши «Чиптаҳо»-ро ёбед.
— Шаҳру санаи лозимаро интихоб карда, шумораи мусофиронро ворид кунед. «Чиптаҳоро ёфтан»-ро пахш кунед.
— Парвози лозимаро ёбед.
— «Брон кардан»-ро пахш карда, маълумоти худро ворид намоед.
— Ба пардохт гузаред. Инчунин метавонед ҳисоби «Салом»-ро интихоб карда, чиптаро ба насия гиред.
Чӣ хел чиптаҳоро арзонтар харида мешавад: маслиҳатҳои муфид
Барои сарфа кардан лозим мешавад:
- Чиптаро пешакӣ харидан — беҳтарин вақт барои хариди чиптаҳо одатан як моҳ пеш аз сафар аст.
- Филтрҳои ҷустуҷӯии сайтро истифода бурдан — барои ёфтани пешниҳодҳои ҳавопаймоҳои арзон лозим мешавад.
- Саёҳатро дар рӯзҳои корӣ ба нақша гирифтан — одатан чиптаҳо дар рӯзҳои корӣ нисбат ба рӯзҳои истироҳат арзонтаранд.
- Парвозҳои транзитиро ба назар гирифтан — шояд вақти бештарро талаб кунанд, аммо ин чиптаҳо нисбат ба парвозҳои мустақим арзонтаранд.
Барномаи Alif Mobi-ро насб карда, аз осонии хариди чиптаҳои ҳавопаймо ҳаловат баред.