Apple Pay акнун барои дорандагони кортҳои байналмилалии Алиф дастрас аст
Apple Pay акнун барои дорандагони кортҳои байналмилалии Алиф дастрас аст. Бо он метавонед харидҳоро тавассути таҷҳизоти Apple пардохт кунед. Барои ин кортро ҳар дафъа бароварда, маълумоташро ворид кардан лозим нест.
Дар мағоза бо Apple Pay тариқи iPhone ё Apple Watch пардохт кардан мумкин аст. Дар iPhone тугмаи паҳлуиро ду бор пахш карда, пардохтро бо Face ID, Touch ID ё рамз тасдиқ намоед. Баъд таҷҳизотро ба POS-терминал наздик кунед. Дар Apple Watch тугмаи паҳлуиро ду бор пахш карда, ба POS-терминал наздик намоед. Apple Pay-ро дар мағозаҳо, дорухонаҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳое истифода бурдан мумкин аст, ки пардохти бетамосро қабул мекунанд.
Apple Pay роҳи осон, бехатар ва махфии пардохт аст. Бо он инчунин дар барномаҳо ва сайтҳо дар Safari пардохт кардан мумкин аст. Дар iPhone, iPad ё Mac-и ба ҳам мувофиқ тугмаи Apple Pay-ро пахш карда, маълумоти пардохт ва бурдарасониро санҷед, сипас амалиётро бо Face ID, Touch ID ё рамз тасдиқ намоед. Бо барномаҳои муносиб дар Apple Watch тугмаи паҳлуиро ду бор пахш карда, пардохтро тасдиқ карда метавонед. Ном ва суроға ҳангоми харид ба таври автоматӣ пур мешаванд, ва пардохт боз ҳам зудтар анҷом меёбад.
Рақами аслии корт дар таҷҳизот ё серверҳои Apple нигоҳ дошта намешавад. Ҳангоми пардохт Apple рақами кортро ба фурӯшанда намедиҳад, то ки шуморо аз ҳолатҳои қаллобӣ муҳофизат намояд. Барои оғоз корти худро пайваст намоед. Дар саҳифаи асосии барномаи Alif корти байналмилалиро интихоб кунед. Тугмаи «Илова ба Apple Wallet»-ро пахш намоед ва дастурамали экранро иҷро намоед.