Алиф дар номинатсияи «Рақамикунонӣ» ҷойи аввал гирифт

14 октябр дар Душанбе натиҷаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол — 2026»-ро эълон карданд. Озмун дар доираи форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» баргузор шуд. Мо дар номинатсияи «Рақамикунонӣ» ҷойи аввалро гирифтем.

 

Ҳадафи озмун ҳавасмандгардонии ташаббусҳои муваффақи соҳибкорӣ, рушди фаъолияти тиҷоратӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои ватанӣ ва эътирофи саҳми бахши хусусӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад.

 

Ғолибон аз рӯи 16 номинатсия, ки соҳаҳои муҳими иқтисодиёт, аз ҷумла бонкдорӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика, сохтмон, рақамикунонӣ, инноватсия, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК), сайёҳӣ, тиҷорат ва хизматрасониро фаро мегиранд, муайян карда шуданд.

 

Ҳамаи иштирокчиёни озмунро бо дастовардҳояшон табрик мекунем ва ба ташкилкунандагон барои фароҳам овардани имконияти муаррифии фаъолияти худ сипосгузорем.

 

Боварӣ дорем, ки рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ зиндагии мардумро беҳтару осонтар менамояд ва кӯшиш мекунем, ки дар ин самт саҳмгузор бошем.

 

Аз дастаи худ ва ҳамаи аъзоёне, ки ба мо бовар мекунанду аз хизматрасониҳои Алиф истифода мебаранд, миннатдорем 💚