Алиф дар Money20/20 дар Эр-Риёз

Конфронси Money20/20 Middle East 2025 дар шаҳри Эр-Риёз бомувафаққият анҷом ёфт. Чорабинӣ вазирони молия, намояндагони бонкҳо, танзимгарон, сармоягузорон ва роҳбарони соҳаи финтехро гирд овард.

 

Шодем, ки Алифро дар саҳнаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудем:

— Гуланор Атобек, роҳбари Алиф Бонк, ва Азамат Султанов, аъзои шӯрои нозирон дар муҳокимаи панелӣ Banking Without Borders: How Embedded Finance is Rewiring Access in Emerging Markets иштирок карданд.

— Зуҳуршо Раҳматуллоев, ҳаммуассиси Алиф, дар муҳокимаи Embedded Finance Unleashed: How Non-Financial Innovators and Financial Disruptors are Expanding Fintech’s Retail Frontier ширкат варзид.

 

Мавзӯъҳои асосии конфронс: ояндаи молия, асъори рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва роҳҳои фароҳам овардани дастрасии васеъ ба хизматрасониҳои молиявӣ.

 

Барои мо ин на танҳо иштирок, балки як имконияти дигар буд, ки нишон диҳем — Осиёи Марказӣ ба қисми муҳими ҷаҳони финтех табдил ёфтааст.

 

Ташаккур ба ташкилкунандагон ва ҳамаи онҳое, ки дар канори мо буданд.

Фиристодан
Баргаштан