Алиф дар қатори ғолибони «Топ-35 шарики боэътимоди сол»
14 август дар Душанбе маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35 шарики боэътимоди сол — 2026» баргузор шуд.
Дар ин озмун ширкату корхонаҳои ватанӣ, ки дар рушди иқтисоди кишвар саҳм мегузоранд, муаррифӣ шуданд. Дар маросим намояндагони мақомоти давлатӣ ва беш аз 120 ширкату корхонаи Тоҷикистон иштирок карданд.
Мо дар номинатсияи «Бонкҳо» ғолиб гардида, соҳиби диплом шудем. Дипломро Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим кард.
Барои мо ин ҷоиза нишонаи эътимод ба кори мост. Аз мизоҷон, шарикон ва тамоми дастаи Алиф сипосгузорем, ки моро интихоб мекунанд ва ҳамроҳамон ҳастанд 💚
Минбаъд ҳам кӯшиш мекунем, ки хизматрасониҳои бонкиро сода, фаҳмо ва дастрас намоем.
Фиристодан
Баргаштан