Хабари хуш: бо системаи пардохтии Mastercard шартномаи дарозмуддат бастем. Акнун мо кортҳои Mastercard мебарорем. Кортҳо сатҳи нави роҳат ва бехатариро ҳангоми анҷом додани амалиётҳои ғайринақдӣ ва байналмилалӣ таъмин менамоянд.
Мизоҷон метавонанд афзалиятҳои Mastercard-ро истифода баранду онлайн харид намоянд ва дар хориҷа саёҳат кунанд.
Яке аз афзалиятҳои Mastercard — ин идораи кортҳо дар худи барномаи Alif Mobi аст. Мизоҷон метавонанд кортро ба барнома пайваст карда, онро бекор ё фаъол кунанд, PIN-рамз гузоранд ва таърихи амалиётҳоро пайгирӣ намоянд.
Ба ғайр аз ин, кортҳои Mastercard гуногунасъор буда, имконияти пардохт кардан бо сомонӣ, доллари ИМА ва евро медиҳад. Ин махсусан барои мизоҷоне, ки дар хориҷа саёҳат ва харид мекунанд, қулай аст.
Кортро гирифта, онро дар Alif Mobi идора кунед.