10% кешбэк бо Mastercard
Аз 19 феврал то 15 апрел ҳангоми пардохт бо корти Mastercard-и мо тавассути Google Pay аз ҳар як харид 10% кешбэк гиред.
Чӣ тавр кешбэк гирифтан мумкин аст?
— Корти Mastercard-и Алифро ба Google Pay дар барномаи Alif илова кунед.
— Бо телефон дар мағозаҳо, қаҳвахонаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, дар хориҷа ва ҷойҳое, ки пардохти ғайринақдиро қабул мекунанд, пардохт намоед.
— 10% кешбэкро ба даст оред. Ягон шартҳои пинҳонӣ нест.
Чӣ қадар кешбэк гирифта метавонед:
— то 100 сомонӣ барои як пардохт;
— то 1000 сомонӣ барои тамоми давраи иқдом.
Муҳим: маблағи як харид бояд аз 10 сомонӣ зиёд бошад. Инчунин ҳатто агар бо якчанд корт пардохт кунед ҳам, меъёри умумии кешбэк ҳамон мемонад.
Суперҷоиза барои фаъолтарин иштирокчӣ
Фаъолтарин иштирокчии иқдом ҷоизаи зӯрро мегирад — баста барои сафар ба финали УЕФA дар Будапешт.
Ба суперҷоиза чӣ дохил мешавад?
— 2 чиптаи CAT 1 барои финали УЕФА
— Иқомат дар меҳмонхонаи 4-ситорадори Будапешт
— MC × UEFA Welcome Gift
⚠️ Парвозҳо ва раводид (виза) ба баста дохил намешаванд.
Ғолибро чӣ тавр интихоб мекунем?
Чӣ қадар бештар бо корти Mastercard-и мо тавассути Google Pay пардохт кунед, ҳамон қадар шонси бурд зиёд мешавад. Муҳимаш — дар ҷойҳои гуногун пардохт кунед.
Агар шумо то ҳол корти Mastercard надошта бошед — онро дар барномаи Alif ё дар сайт дархост кунед.