Тендер барои молҳои шустушӯӣ

ҶСК «Алиф Бонк» барои харидани молҳои шустушуӣ барои 3 моҳ тендер (озмуни кушод) эълон менамояд, ки он санаи 20 январи соли 2024 ба анҷом мерасад.

Барои иштирок дар тендер ширкатҳову мағозаҳои ҳавасманд ба ҶСК «Алиф Бонк» ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод карда метавонанд:
— пешниҳоди тиҷоратӣ ва маълумот дар бораи ташкилот;
— нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ / соҳибкори инфиродӣ;
— иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ;
— рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
— мушаххасоти бонкӣ дар бланкаи расмӣ;
— нусхаи шиносномаҳо ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати шахсе, ки аз номи Иштирокчии харид амал мекунад;
— дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар талаботи ҳуҷҷатгузорӣ зикр карда шудаанд;
— маълумотнома аз нозироти андоз, ки шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ аз андоз қарздор нест;
— аризаи ширкат дар бораи иштирок дар озмун, ки бо имзои роҳбар ва муҳр тасдиқ шудааст. Намунаи ариза дар ин ҷо

Номгӯи молҳои шустушӯӣ дар ин ҳуҷҷат — рӯйхат

Ширкатҳои ҳавасманд метавонанд барои иштирок дар тендер дархостро ба почтаи электрониамон ирсол намоянд — tenders@alif.tj

Ё пешниҳодро ба суроғаи зерин дастрас намоед:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734019,
ш. Душанбе, 101-ум маҳалла, кӯч. Баҳовуддинов, 9.

Фиристодан
Баргаштан