Тендер барои харидории лавозимоти терминалҳои пардохтӣ аз қабили стабилизатор, ҷиҳози таъминкунии бефосилаи барқ (УПС) ва ҳоказо

Барои харидории лавозимоти терминалҳои пардохтӣ аз қабили стабилизатор, ҷиҳози таъминкунии бефосилаи барқ (УПС) ва ҳоказо тендер (озмуни кушод) эълон менамоем. Тендер 15 марти соли 2024 ба анҷом мерасад.

Барои иштирок дар тендер ширкатҳову мағозаҳои ҳавасманд ба мо ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод карда метавонанд:
— Пешниҳоди тиҷоратӣ ва маълумот дар бораи ташкилот;
— Нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ / соҳибкори инфиродӣ;
— Иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ;
— Рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
— Мушаххасоти бонкӣ дар бланкаи расмӣ;
— Нусхаи шиносномаҳо ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати шахсе, ки аз номи Иштирокчии харид амал мекунад;
— Дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар талаботи ҳуҷҷатгузорӣ зикр карда шудаанд;
— Маълумотнома аз нозироти андоз, ки шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ аз андоз қарздор нест;
— Аризаи ширкат дар бораи иштирок дар озмун, ки бо имзои роҳбар ва муҳртасдиқ шудааст. Намунаи ариза дар ин ҷо

Ҳамаи таҷҳизоти лозимаро дар ин рӯйхат меёбед

Ширкатҳои ҳавасманд метавонанд барои иштирок дар тендер дархостро ба почтаи электрониамон ирсол намоянд — tenders@alif.tj

Ё пешниҳодро ба суроғаи зерин дастрас намоед:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734019,
ш. Душанбе, 101-ум маҳалла, кӯч. Баҳовуддинов, 9.

Фиристодан
Баргаштан