Тағйирот дар сохтори роҳбарият

Рушдро идома медиҳем ва дастаи роҳбариамонро тақвият мебахшем, то ки якҷоя пеш рафта, ба ҳадафҳои нав ноил шавем.

 

Далер Каримов фаъолияти худро дар Алиф Бонк дар вазифаи муовини раиси бонк ба анҷом мерасонад ва ба дастаи Алиф Ӯзбекистон пайваст мешавад. Ӯ фаъолияти худро дар он ҷо ҳамчун директори идоракунанда оид ба маркетинг ва хизматрасонӣ идома медиҳад.

 

Ба Далер Каримов барои саҳми арзандааш дар рушди Бонк, барои касбият, нерӯ ва он боварие, ки ҳамеша дастаи моро илҳом мебахшид, изҳори сипос менамоем. Боварӣ дорем, ки дар Ӯзбекистон низ ӯ ҳамон чизеро идома медиҳад, ки беҳтарин иҷро мекунад — ҳамгироӣ, рушд ва пешбурди даста.

 

Бо назардошти вазифаҳои нави рушд, мо аз 1 декабри соли 2025 сохтори роҳбарии Алиф Бонкро каме нав мекунем. Дар ҳайати роҳбарият ду муовини раиси бонк ва ду директори иҷроия фаъолият хоҳанд кард.

Ба дастаи роҳбарии мо мепайванданд:

— Акбарҷон Мамадҷонов, собиқ роҳбари Идораи амалиётӣ;

— Хушвақтмурод Шарифов, собиқ роҳбари Хадамоти аудити дохилӣ;

— Бахтовар Мавлонов, собиқ роҳбари Идораи хизматрасонӣ ба мизоҷон, ки ҳамзамон масъули рушди фарҳанги корпоративӣ низ хоҳад буд.

 

Ҳамин тавр, дастаи роҳбарии Алиф Бонк акнун аз панҷ роҳбар иборат аст, ки якҷоя барои рушди Бонк ва татбиқи стратегияҳои рушд кор хоҳанд кард.

Фиристодан
Баргаштан