15 март — Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон. Ин рӯз ба ҳамаи мо хотиррасон мекунад, ки ҳифзи манфиатҳои мизоҷон ва пешниҳоди хизматрасонии босифат то чӣ андоза муҳим аст.
Ҳуқуқҳои шумо ҳамчун мизоҷ:
Гирифтани маълумоти шаффоф ва пурра. Ҳамеша омодаем ба саволҳоятон ҳар чӣ зудтар ҷавоб дода, ҳамаи шарту шароитро фаҳмонем.
Истифодаи хизматрасониҳои бехатар ва боэътимод. Ба амният ва сифати хизматрасониҳои худ аҳамияти калон медиҳем.
Дастрасӣ ба кумак ва ҷуброн. Агар хизматрасонӣ ба шартнома мувофиқ набошад ё камбудӣ дошта бошад, метавонед ҳалли мушкилиро талаб кунед.
Агар ҳангоми истифодаи маҳсулот ё хизматрасониҳои мо мушкилоте пайдо шавад, ҳамеша барои суҳбат ва кумак омодаем.
📞 Барои тамос:
900 — барои зангҳо аз телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон
+992 44 600 1520 — телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон барои арзу шикоятҳо