Дар барномаи байналмилалии TechWomen иштирок намудем

Ҳамкорамон Фарзона Сангинова, роҳбари Хадамоти идораи хавфҳо дар Алиф Бонк, иштирокчии барномаи байналмилалии TechWomen гардид, ки аз ҷониби Бюрои барномаҳои таълимӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии ИМА ташкил шудааст.

 

TechWomen — барномаи панҷҳафтаинаи табодули касбӣ ва роҳбарӣ барои занони фаъол дар самтҳои илм, технология, муҳандисӣ ва математика (STEM) мебошад. Соли 2025 аз байни зиёда аз 6 000 довталаб танҳо 108 нафар аз 22 кишвар, аз ҷумла се намоянда аз Тоҷикистон, интихоб шуданд.

 

Фарзона таҷрибаомӯзиро дар Чикаго гузаронда, дар ҳафтаи ҷамъбастӣ дар Вашингтон ширкат варзид. Дар доираи барнома ӯ аз ширкатҳои пешрафта чун Amazon, Google, HERE Technologies, mHUB Chicago ва Morningstar боздид намуда, бо менторҳо аз Chase Bank ва Донишгоҳи Ҳарвард ҳамкорӣ дошт.

 

Мо ифтихор мекунем, ки ҳамкорамон ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонии занони пешсаф дар соҳаи илм ва технология гардид, ки ба рушди навоварӣ дар саросари ҷаҳон саҳм мегузоранд 💚

Фиристодан
Back