Алиф дар Silk Road Finance & Technology Forum
Рӯзҳои 24 ва 26 август дар Тошканд Silk Road Finance & Technology — форуми байналмилалӣ оид ба рушди молия ва технологияҳо баргузор шуд. Дар чорабинӣ тақрибан 2 000 нафар иштирок карданд, ки дар байни онҳо намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, кишварҳои ASEAN, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва дигар минтақаҳо буданд. Инчунин, намояндагони сохторҳои танзимкунанда, ташкилоти молиявӣ ва технологӣ ва сармоягузорон иштирок доштанд.
Дар форум ҳаммуассисон ва раиси Алиф Бонк низ иштирок карданд. Гуланор Атобек дар бораи таҷрибаи Алиф ва рушди бонки рақамӣ дар шароити тағйирёбандаи бозори молиявӣ сухан гуфт.
Зуҳуршо Раҳматуллоев таҷриба ва дидгоҳи худро оид ба ояндаи молияю технологияҳо ва бонкдории рақамӣ баён кард. Абдулло Курбанов дар бораи васеъ кардани хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва баромад ба бозорҳои байналмилалӣ суханронӣ намуд.
Дар доираи барномаи серӯза иштирокчиён рушди молияи исломӣ, рақамикунонии бахши молиявӣ, идора ва танзим, инфрасохтори молиявӣ, сармоягузорӣ ва имкониятҳои нав барои соҳибкориро баррасӣ карданд. Барои Алиф форум майдоне барои табодули таҷриба ва муколама бо намояндагони ҷомеаи байналмилалии молиявӣ ва технологӣ гардид.