Хуш омадед ба Алиф
https://alifwebsite.alif.tj/uploads/velkam_pejdzh_2_1dfcf3811c.jpg
Шумо қисми экосистемаи мо шудед. Мехоҳем ба шумо каме оид ба хизматрасониҳоямон нақл кунем.
Хизматрасониҳо
https://alifwebsite.alif.tj/uploads/Terminal_8622de4f38.svg
Терминалҳо

Дар терминалҳоямон ҳисоби Alif Mobi ё кортҳоро пур кунед ва насияву хизматрасониҳоро пардохт намоед. Дар баъзе терминалҳо бо QR-рамз ҳатто нақд гирифта метавонед.

https://alifwebsite.alif.tj/uploads/ATM_087a656dce.svg
Банкоматҳо

Агар нақд гирифтан хоҳед, банкоматҳоямонро истифода баред.

https://alifwebsite.alif.tj/uploads/Delivery_866c2da96e.svg
Бурдарасонӣ

Баромадан лозим намешавад. Кортҳову ҳуҷҷатҳоро то дари хонаатон бурда мерасонем.

Маҳсулот
https://alifwebsite.alif.tj/uploads/Alif_Mobi_e98217c6b4.png
Alif Mobi

Бо барномаи Alif Mobi шумо метавонед:

— пулро даруни кишвар ва ба хориҷа фиристед;
— пули барқ, об, шабакаи гармдиҳӣ ва дигар хизматрасониҳои коммуналиро супоред;
— ба насия харид кунед ва ғайра.
 

https://alifwebsite.alif.tj/uploads/welcomesalom_7ea6a0ed03.png
Корти «Салом»

Барои хариди мол маошро интизоред? Ё барои дилхоҳаш каме намерасад?

Чӣ хел ки набошад, бо корти «Салом» метавонед молҳоро ба насия гирифта, пулашонро майда-майда пардохт кунед. Буҷаи шумо зарар намебинад ва моли нав чашму дилатонро шод мегардонад.

https://alifwebsite.alif.tj/uploads/welcomevisa_bcceeffd72.png
Кортҳои Visa

Харидҳоро дар мағозаҳо ва интернет бо корти гуногунасъори Visa пардохт намоед. Инчунин бо онҳо метавонед:


— ба Visa-и 50+ кишвари дунё пул фиристед;
— бо хизматрасонии консержӣ саёҳат кунед;
— дар вақти банд кардани меҳмонхонаҳо ва автомобилҳо тахфиф гиред.

Пешакӣ мегӯем, ки дар ин ҷо на ҳамаи афзалиятҳоро навиштем 😁

https://alifwebsite.alif.tj/uploads/welcomekm_3ae6825313.png
«Корти миллӣ»

«Корти миллӣ»-ро ройгон дархост намоед. Интиқоли маблағро аз Русия қабул карда,  аз банкоматҳоямон нақд гиред. 

https://alifwebsite.alif.tj/uploads/welcomeshop_f171189a23.png
Alif Shop

Як сайт, 350+ мағоза, 20 000+ мол.

Дар ин ҷо метавонед телефон, ноутбук, техникаи маишӣ, китобҳо ва дигар молҳоро бо ду-се амал бихаред. Моли лозимаро ба насия ё нақд гиред.

Қосид бошад, молро то дари хонаатон бурда мерасонад.
 

https://alifwebsite.alif.tj/uploads/welcomeauto_c523b4cfc8.png
Маблағгузории мошин

Барои хариди дилхоҳ мошин кумак мекунем. Метавонед мошини нав, истифодашуда ё ҳатто электромобили экологиро бихаред. Худи ҳозир харида, то 5 сол баҳузур пулашро супоред.

https://alifwebsite.alif.tj/uploads/welcomedeposit_9a8ac736b6.png
Амонат

Бубинед, чӣ хел пул оҳиста-оҳиста зиёд шуда, ба шумо фоида меорад. Барои ин танҳо амонат кушодан лозим аст.

Ба шумо лозим мешавад:
https://alifwebsite.alif.tj/uploads/welcomejavob_8bc2af0582.svg
javob.alif.tj

Ҳангоми истифодаи хизматрасониҳо гоҳ-гоҳ саволҳо пайдо мешаванд. Ба сайт даромада, ҳамаи ҷавобҳоро ёбед.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Хабарҳои моро пайгирӣ намоед ва аз ҳамаи иқдомҳо бохабар бошед. Ин ҷо шавқовар аст 😉