Акнун дар худи барномаи Alif метавонед асъорро иваз кунед

Навгонӣ дар барномаи Alif: Мубодилаи асъор дар худи телефон

Пештар, барои иваз кардани асъор бояд ба нуқтаи мубодила мерафтед, дар навбат меистодед ва пули нақд бо худ медоштед.

 

Акнун метавонед асъорро дар худи барномаи Alif иваз намоед — зуд, қулай ва дилхоҳ вақт.

 

Хизматрасонӣ барои дорандагони кортҳои Visa, Mastercard ва суратҳисобҳои асъорӣ дастрас аст.

 

Чаро «Мубодилаи асъор» бароҳат аст 

Шабонарӯз фаъол аст

Хизматрасонӣ 24 соат кор мекунад. Дархостро метавонед дар якчанд дақиқа созед — он се рӯз амал мекунад. Метавонед худатон онро бекор кунед.

 

Қурби ба шумо мувофиқ

Дилхоҳ қурбро дар доираи муқарраркардаи бонк ворид кунед. Харидор ё фурӯшанда пайдо мешавад.

 

Меъёри мубодила — то 10 000 доллар

Маблағи калонро метавонед ба осонӣ иваз намоед. Комиссия — 0,1%. То 100 дархостро якбора ҷойгир кардан мумкин аст.

 

Чӣ тавр асъорро метавонед иваз кунед

  1. Ба бахши «Мубодилаи асъор» дар барномаи Alif дароед.
  2. Тугмаи «Сохтани дархост»-ро пахш намоед.
  3. Асъор, маблағ ва қурбро интихоб кунед.
  4. Дархостро тасдиқ намоед. Тамом :)

 

Чаро ин муҳим аст

Хизматрасонӣ равандро осон мекунад:

— дархост дар якчанд дақиқа омода мешавад;

— мубодиларо аз ҳама ҷо истифода бурдан мумкин аст;

— қурбро худатон таъин мекунед.

 

Хизматрасонии навро санҷед

Мубодилаи асъор, пардохтҳо, интиқолҳои маблағ ва дигар хизматрасониҳои молиявӣ — ҳамааш дар як барнома. Alif-ро насб намоеду молияи худро аз телефон идора кунед.

Фиристодан
Баргаштан